(8 ноябри 2010) (8 ноябри 2010) (8 ноябри 2010) بعثه مقام معظم رهبری در گپ بعثه مقام معظم رهبری در سروش بعثه مقام معظم رهبری در بله
(8 ноябри 2010) (8 ноябри 2010) (8 ноябри 2010) (8 ноябри 2010) (8 ноябри 2010)

(8 ноябри 2010)

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим Валҳамду лиллоҳи раббил оламин ва саллаллоҳу ало сайидино Муҳаммадинил-Мустафо ва олиҳи ат-таййибин ва саҳбиҳил-мунтаҷабин. Каъба, рамзи ваҳдат ва иззат ва намоди тавҳид ва маънавият, дар мавсими ҳаҷ мизбони дилҳои м

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Валҳамду лиллоҳи раббил оламин ва саллаллоҳу ало сайидино Муҳаммадинил-Мустафо ва олиҳи ат-таййибин ва саҳбиҳил-мунтаҷабин.
Каъба, рамзи ваҳдат ва иззат ва намоди тавҳид ва маънавият, дар мавсими ҳаҷ мизбони дилҳои муштоқ ва умедворест, ки аз саросари гетӣ ба фарохони Рабби Ҷалил посух гуфта ва лаббайк гӯён ба зодгоҳи ислом шитофтаанд.
Уммати исломӣ акнун метавонад тасвире фишурдаро аз густардагӣ ва танаввуи хеш ва умқи имоне, ки бар дили пайравони ин дини ҳаниф ҳоким аст, бо чашми фиристодагони худ, ки аз чор гӯшаи ҷаҳон дар ин ҷо гирд омадаанд мушоҳида кунад ва ин сармояи азим ва бе монандро ба дурустӣ бишносад.
Ин бозшиносии хеш кӯмак мекунад то мо мусалмонон ба ҷойгоҳи шоистаи худ дар дунёи имрӯз ва фардо пай бибарем ва ба сӯи он ҳаракат кунем.
Густариши мавҷи бедории исломӣ дар дунёи имрӯз ҳақиқате аст, ки фардои некеро ба уммати исломӣ навид медиҳад. Аз се даҳаи пеш бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва ташкили низоми Ҷумҳурии Исломӣ, ин хезиши пурқудрат оғоз шуд. Уммати бузурги мо бе вақфа пеш рафта, мавонееро аз сари роҳ бардошта ва сангарҳоеро фатҳ кардааст. Печидатар шудани шеваҳои душмании истикбор ва талоши пурҳазинае, ки дар муқобила бо ислом мекунад низ, ба далели ҳамин пешрафтҳо аст.
Таблиғоти васеи душман дар ҷиҳати исломҳаросӣ, талоши шитобзадае, ки барои эҷоди ихтилоф миёни фирқаҳои исломӣ ва барангехтани таассубҳои фирқаӣ мекунад, душмантарошиҳои дурӯғин аз шиа барои суннӣ ва аз суннӣ барои шиа, тафриқаафканӣ миёни давлатҳои мусалмон ва кӯшиш барои ташдиди ихтилофот ва табдили он ба душманиҳо ва муоризаҳои ҳалношуданӣ, истифода аз созмонҳои иттилоотӣ ва ҷосусӣ барои тазриқи фасод ва фаҳшо миёни ҷавонон, ҳама ва ҳама вокунишҳои саросемагун ва ошуфта дар баробари ҳаракати матин ва гомҳои устувори уммати исломӣ ба сӯи бедорӣ ва иззат ва озодагӣ аст.
Имрӯз бар хилофи 30 сол пеш, режими саҳюнисӣ, дигар як ҳаюлои шикастнопазир нест. Бар хилофи ду даҳаи пеш, Амрико ва Ғарб, тасмимгирони бечунучаро дар Ховари Миёна нестанд. Бар хилофи даҳ соли пеш, фанноварии ҳастаӣ ва дигар фанновариҳои печида, барои миллатҳои мусалмони минтақа, дур аз дастрас ва афсонагун ба шумор намеравад.
Имрӯз миллати Фаластин, қаҳрамони муқовимат аст. Миллати Лубнон ба танҳоӣ шиканандаи ҳайбати пушолии режими саҳюнистӣ ва фотеҳи ҷанги 33 рӯза аст ва миллати Эрон парчамдор ва хатшикани ҳаракат ба самти қуллаҳо аст.
Имрӯз Амрикои мустакбир, фармондеҳи худхондаи минтақаи исломӣ ва пуштибони аслии режими саҳюнистӣ, дар ботлоқе, ки худ дар Афғонистон падид оварда, гирифтор аст; дар Ироқ бо ҳамаи ҷиноятҳое, ки ба мардуми он кишвар ворид карда, дар ҳоли мунзавӣ шудан аст; дар Покистони мусибатзада, аз ҳамеша манфуртар аст.
Имрӯз ҷабҳаи зидди ислом, ки ду қарн бар миллатҳо ва давлатҳои исломӣ таҳаккуми золимона мекард ва манобеи ононро ба яғмо мебурд, шоҳиди заволи нуфузи худ ва истодагии далеронаи миллатҳои мусалмон дар баробари худ аст.
Ва дар нуқтаи муқобил, ҳаракати бедории исломӣ, дар ҳоли пешравӣ ва умқёбии рӯзафзун аст. Ин авзои умедбахш ва ҳомили башорат, бояд мо миллатҳои мусалмонро аз сӯе, мутмаинтар аз ҳамеша, ба сӯи ояндаи матлуб ба пеш биронад, ва аз сӯи дигар, бо дарсҳо ва ибратҳои худ, ҳушёртар аз ҳамеша нигаҳ дорад. Ин хитоби умумӣ бе гумон уламои динӣ ва раҳбарони сиёсӣ ва рӯшанфикрон ва ҷавононро беш аз дигарон, мутааҳҳид месозад ва аз онон муҷоҳидат ва пешгомӣ мутолиба мекунад.
Қуръони Карим расо ва зинда моро мухотаб месозад: “Шумо беҳтарин уммат будед, ки барои мардумон берун оварда шудед; ба некиҳо фармон медиҳед ва аз зиштиҳо бозмедоред ва ба Худо имон меоваред”. (Оли Имрон, ояти 110).
Уммати исломӣ дар ин хитоби иззатманд, падидомада барои башарият аст. Ҳадаф аз пайдоиши ин уммат, наҷоти башар ва хайри башар аст.
Вазифаи бузурги он ҳам, фармон додан ба некӣ ва боздоштан аз бадӣ ва имони росих ба Худост.
Ҳеҷ маъруфе бартар аз наҷоти миллатҳо аз чанголи қудрати аҳримании истикбор, ва ҳеҷ  мункаре зишттар аз вобастагӣ ва хидмат ба мустакбирон нест.
Имрӯз кӯмак ба миллати Фаластин ва муҳосирашавандагони Ғазза, ҳамдардӣ ва ҳамроҳӣ бо миллатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Кашмир, муҷоҳидат ва муқовимат дар баробари таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ, посдорӣ аз иттиҳоди мусалмонон ва мубориза бо дастҳои олуда ва забонҳои муздуре, ки ба ин иттиҳод зарба мезананд, ва густардани бедорӣ ва эҳсоси тааҳҳуд ва масъулият дар миёни ҷавонони мусалмон дар ҳамаи ақтори исломӣ, вазоифи бузурге аст, ки мутаваҷҷеҳи хавосси уммат аст.
Манзараи шукӯҳманди ҳаҷ, заминаҳои мусоид барои анҷом додани ин вазоифро ба мо нишон медиҳад ва моро ба талоши музоаф ва ҳиммати музоаф фаро мехонад.
Вас салому алайкум
Сайидалиии Ҳусайнии Хоманаӣ
1 зилҳаҷҷатул-ҳароми 1431 ҳқ
17 обони 1389 ҳш
(8 ноябри 2010)
 
 


| شناسه مطلب: 11434







نظرات کاربران