Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон بعثه مقام معظم رهبری در گپ بعثه مقام معظم رهبری در سروش بعثه مقام معظم رهبری در بله
Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон

Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ, таъкид бар истодагӣ дар муқобили мустакбирони ҷаҳон

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар паёме ба муносибати айёми ҳаҷ бо ишора ба қазияҳои кунунии Амрико ва ҳаракати зидди табъизи нажодӣ дар он, таъкид карданд, мавзеъи қотеъи мо ҷонибдорӣ аз мардум ва маҳкум кардани рафтори қасоватомези давлати нажодпарасти он кишвар аст.

Ишон дар фарозе дигар аз ин паём тасреҳ карданд, нигоҳе ба хиёбонҳои Амрико, ба рафтори давлатмардони Амрико бо мардуми худ, ба дарраи амиқи фосилаи  табақотӣ дар он кишвар, ба ҳақорат касоне, ки барои мудирияти он кишвар интихоб шудаанд, ба табъизи нажодии ҳавлнок дар он, ба қасовати маъмури муваззаф он ки як ғайримуҷримро дар хиёбон бо хунсардӣ ва дар баробари чашми раҳгузарон бо шиканҷа ба қатл мерасонад, умқи буҳрони ахлоқӣ ва иҷтимоии тамаддуни ғарбӣ ва бутлони фалсафаии сиёсӣ ва иқтисодии онро ошкор мекунад.  


Паёми  раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати айёми ҳаҷ бар ду нуктаи муҳим таъкид дорад :


Нуктаи нахуст, таъкид бар ваҳдати мусулмонон, ҳувиятхоҳии мусулмонон дар сатҳи миллӣ, минтақаӣ ва байналмиллалӣ аст. ин мавзӯъ нақши асосӣ дар раванди таҳаввул ва тағйири сарнавишти ҷомеаҳои исломӣ ва ҳамчунин дигар миллатҳои  таҳти ситам дар ҳар куҷои ҷаҳон ифо мекунад.


Нуктаи дувум, зарурати  таваҷҷуҳ ба андешаҳои мутараққӣ ва раҳоибахши ислом аст, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳаракат, инқилоб ва хезиш алайҳи низоми султаи истикборӣ мешавад .


Ҳаҷ аз ин дидгоҳ дорои андешаҳои улгӯсоз аст, ки бо таваҷҷуҳ ба унсурҳои ваҳдатбахши он таъсироти муҳиме бар сарнавишти уммати ислом ва ҳамаи миллатҳои таҳти ситами режимҳои истикборӣ дорад.


Аз  инрӯ аст, ки раҳбари муаззами инқилоб мавсими ҳаҷ дар ҳар солро, миоди раҳмати парвардгор бар уммати исломӣ дониста ва имсол низ бо таваҷҷуҳ ба шароити вижаи бархоста аз шуйюи корона бо нигариши фарогир ва ҷаҳонӣ ба масъалаи зулму беадолатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пардохтаанд.


Он чи ҷаҳони ислом ва миллатҳои таҳти ситам дар шароити кунунӣ ба он ниёз доранд ; иттиҳод ва истодагӣ дар муқобили низоми султа ва зӯргӯёни ҷаҳон аст. Бо  таъкид бар ҳамин зарурат; ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ваҳдати уммати исломӣ дар баробари Амрикои мутаҷовиз ва режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин лузуми эҳтимом ба «кумак ба Фаластини мазлум, дилсӯзӣ барои пайкари маҷрӯҳи Яман ва дағдағаи мусулмонони зери ситам дар ҳар нуқтаи ҷаҳон»- ро ёдовар шуданд . Ишон ҳамчунин сарони бархе кишварҳои исломиро, ки ба ҷой такия ба бародари мусулмони худ, ба оғӯши душман паноҳ мебаранд ва барои суди шахсии чандрӯза, таҳқир ва зӯргӯии душманро таҳаммул мекунанд ва чуби ҳароҷ ба иззат ва истиқлоли миллати худ мезананд, ба парҳез аз ин рафтори зиллатбор насиҳат карданд.


Ҳаҷ дар воқеъ як нуқтаи таҳарруки ҷиддӣ ва байналмиллалӣ аст ва манофеи фаровоне аз он барои уммати исломӣ мавриди интизор аст, аммо ҳамонгуна, ки раҳбари инқилоб хотирнишон карданд бисёре аз кишварҳо аз аҳамият ва коркардҳои муҳими ҳаҷ ғофиланд.


Онгуна, ки дар бахше аз паёми раҳбари муаззами инқилоб тасреҳ шудааст дар ин росто имрӯз яке аз муҳимтарин масоили ҷаҳони ислом, масъалаи Фаластин аст, ки дар раъси ҳамаи масоили сиёсии мусулмонон бо ҳар мазҳаб ва нажод ва забон қарор дорад. Бузургтарин зулми қарнҳои ахир дар Фаластин иттифоқ афтодааст. Дар ин моҷарои дардовар, ҳама чизи як миллат, сарзаминаш, хона ва мазраа ва дороиҳояш, ҳурмату ҳувияташ мусодира шудааст. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар табйини ин зулми ҷаҳонӣ, афзуданд: Рафтори Амрико бо миллатҳои заиф, нусхаи бузургшудаи рафтори он полис аст, ки зонуи худро бар гардани як сиёҳпӯсти бедифоъ гузошт ва он қадар фишурд то ҷон дод.


Имрӯз  ҳатто дар даруни Амрико ҳам инзиҷор аз рафторҳои зидди башарии сарони Кохи Сафед дар фарёдҳои эътирозии мардум дар хиёбонҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба гӯш мерасад ва ҳеч виҷдони бедоре наметавонад онро нодида бигирад. Аз ҳамин руст, ки раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Дар қазияҳои кунунии Амрико ва ҳаракати зидди табъизи нажодӣ дар он, мавзеъи қотеъи мо ҷонибдорӣ аз мардум ва маҳкум кардани рафтори қасоватомези давлати нажодпарасти он кишвар аст.


 


| شناسه مطلب: 101760




تاجیکی



نظرات کاربران