Раҳбари муаззами инқилоб: Ғарби мустакбир дар ҳамаи ҷаҳон рӯз ба рӯз заифтар шудааст

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паём ба ҳуҷҷоҷи байтуллоҳилҳаром гуфтанд, Ғарби мустакбир дар минтақаи ҳассоси мо ва ахиран дар ҳамаи ҷаҳон рӯз ба рӯз заифтар шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин паём афзуданд: Имрӯз дигари либерализму коммунизм ба унвони муҳимтарин армуғони тамаддуни Ғарб ҷилвагарии сад соли пеш ва панҷоҳ соли пешро надорад. Обрӯи демократияи пулмеҳвари ғарбӣ бо аломати саволҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст ва мутаффакирони ғарбӣ эътироф мекунанд, ки ба саргардонии маърифатӣ ва амалӣ дучоранд.


Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, парешониву нокомии Амрико ва ҳамдастии ҷинояткори ӯ, яъне режими ғосиб дар минтақаро метавон дар саҳнаи ҳаводиси Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон ба вузуҳ тамошо кард.


Раҳбари муаззами инқилоб бо таъкид бар паёмадҳои дурахшони рушди бедориву худогоҳии исломӣ ва бурузи падидаи шигарфи муқовимат, хотирнишон карданд: Саҳнаи Фаластин яке аз ҷилвагоҳҳои ин падидаи шигифтангез аст, ки тавониста режими туғёнгари саҳюнистро аз ҳолати таҳоҷумӣ ва арбадакашӣ ба вазъияти дифоъ ва инфиол бикашанду мушкилоти сиёсиву амниятиву иқтисодии ошкори кунуниро бар он таҳмил кунад. Намунаҳои дурахшони дигари муқовиматро метавон дар Лубнон, Ироқ, Яман ва бархе нуқоти дигар ба вузуҳ мушоҳида кард.


Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки имрӯз дунё шоҳиди як улгӯи муваффақ ва як намунаи сарафроз аз қудрату ҳокимияти сиёсии Ислом дар Эрони исломӣ аст, афзуданд: Дар садри феҳристи ин усули асосӣ, ҳокимияти Ислом дар қонунгузорӣ ва иҷро, такя бар орои мардумӣ дар муҳимтарин масоили мудириятии кишвар, истиқлоли сиёсии комил ва адами рукун ба қудратҳои ситамгар қарор гирифтааст ва ҳамин усул аст, ки метавонад маҳалли иҷмои миллатҳо ва давлатҳои мусулмон қарор гирад ва уммати исломиро дар ҷиҳатгириҳоу ҳамкориҳо якпорча ва муттаҳид созад.


Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ваҳдату маънавиятро ду пояи асосии ҳаҷ ва ду омили иззату саодати уммати исломӣ хонданд ва таъкид карданд, ҷаҳони Ислом пур аз ҷавонони пурангеза ва бонишот аст ва бузургтарин сармоя барои сохтани оянда, умеду эътимод ба нафс аст, ки имрӯз дар ҷаҳони Ислом, ба вижа дар кишварҳои ин минтақа мавҷ мезанад. Ҳама вазифадорем ин сармояро ҳифз кунему афзоиш диҳем.


 


| شناسه مطلب: 112231




تحقیق